АМИР ИСМОИЛ ВА ХАРБАНДА

 

А. Ҳ. А. ШОЛЧӣ

АМИР ИСМОИЛ ВА ХАРБАНДА

 Амири Хуросони фаррухнажод

Худованди гоҳу худованди дод

Ба рӯзе або ‌ҳамраҳон шуд гусел

Бирафт аз сари тахти худ чанд мел

Ки то кори мардони худ санад ӯ Пажуҳад кунишҳояшон мӯбмӯ

Равон кард сад ӌорчӣ пуршитоб

Барад то зи чашмон мардонш хоб

Ки нисориёну парастандагон

Набояд расонанд бар кас зиён

Зи мардони ӯ ҳар ки буд нодуруст

Ва ё буд бунёди рафторш суст

Зи ҳушдори ӯ сахт огоҳ гашт

Зи хашмаш битарсед дар шаҳру дашт

*

Чунон буд ки харбандае зон миён

Ба полези як кас шуду зад зиён

Табаҳ шуд аз он киштаҳо андаке

Ту гуфтӣ ки бар чеҳра уфтад лаке

Чу полезбон кори харбанда дид

Ба наздики Мири Хуросон давид

Биноледу муеду зӯ дод ӌуст

Зи оби ду дида ҳамӯ руй шуст

Амири Хуросон чу гап гуфта гашт

Зи харбандаи худ барошуфта гашт

Бихонид харбанда ро назди хеш

Беёмад ба наздики ӯ сарбапеш

Амири Хуросон даронид чашм

Ду абру гириҳ карду гуфто ба хашм

Нагирӣ магар музд ай ӌангсоз

Ки едун кунӣ даст хера дароз

Ба посух чунин гуфт харбандааш

Ҳаме музд герам шавам шоду каш

Амири Хуросон хурушонш гуфт

Ду гуши ту дастури мо ношинуфт

Ки гуфтем бар мардумон ҳар газанд

Набояд задан вин бувад нопасанд

Баду гуфт посух ки бишнидаам

Дар ӯ доду мардонагӣ дидаам

Бигуфташ Амири Хуросон чаро

Ба мардум чунин кардаӣ нораво

Баду гуфт харбанда лағзиш будаст

Бишуд риштаи кор ногаҳ зи даст

Амири Хуросон ба фарёд гуфт

Ки гуфтори ту бо харад нест ӌуфт

Ту харбанда бошӣ зи мардони мо

Чунин лағзише нест аз ту раво

Натонам зи баҳри ту дузах равам

Натонам ки дархурди оташ шавам

Билағзад агар ҳар кас аз лашкарам

Ба мардум кунад бо баҳона ситам

Чи сон хост хоҳем доди касон

Шавад дод бод аз чунин достон

Ба фардо ки ояад гаҳи растахез

Маро зин ситамҳо набошад гурез

Аз ин каӌравӣҳои ҳар зердаст

Чи посух бигӯям нахоҳам бираст

Бифармуд то дасташ андар замон

Бибурранд аз бун парастандагон

 

 

 

 

 

 

 

/ 3 نظر / 37 بازدید
الیا ناز

سلام خسته نباشید با تبادل لینک یا بنر موافقی اگه موافقی خبرم کن منتظرم http://elia-naz.r98.ir/

ارش

سلام داداش از پناهندگی بنویس شرایط و خاطرات

شکروی

Hello It was used You wish for the ending of Elevated God Be مرحبا انه كان يستخدم كنت ترغب في إنهاء الله مرتفعة أن تكون سلام بسیار مورد استفاده قرار گرفت برای شما از خداوند تبارک و تعالی عاقبت بخیری آرزومندم موفق باشید شکروی سرفراز باد ایران http://salamshokravi.persianblog.ir